Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президентҳо аз маҳали суқути ҳавопаймо боздид мекунанд


Аъзои хонаводаҳои қурбониёни ҳавопаймо
Аъзои хонаводаҳои қурбониёни ҳавопаймо
Интизор меравад, ки имрӯз Дмитрий Медведев ва Бронислав Коморовский-руасои ҷамоҳири Русия ва Полша аз маҳали суқути ҳавопаймои раиси ҷумҳури пешини Полша боздид кунанд. Соли гузашта дар натиҷаи суқути ҳавопаймо Лех Качинский-раиси ҷумҳур бо 95 нафари дагар аз ҳайати ҳамроҳонаш дар наздикии шаҳри Смоленск кушта шуданд. Онҳо мехостанд дар Хатин хотираи 22 000 ҳамватани худро, ки дар соли 1940 полиси махфии Русия кушта буд, гиромӣ доранд. Вале ҳавопаймои онҳо ба фоҷеа дучор шуд. Маросими ёдбуди имрӯз дар ҳоле баргузор мешавад, ки роҷеъ ба лавҳаи ёдгорӣ миёни ҷонибҳо ихтилофи назар ба вуҷуд омадаасст. Хешовандони қурбониён дар маҳали ҳодиса ба забони лаҳистонӣ лавҳаеро гузоштанд, ки он нишонаи қатли оми Хатин буд, вале ҷониби Русия онро гирифт ва ба ҷои он ба забони русӣ лавҳаеро гузошт, ки танҳо нишонгари фоҷеаи ҳавопаймост. Мақомоти Русия гуфтаанд, сабаб ин будааст, ки қонунҳои дохилӣ гузоштани лавҳаи ёдгории кишварҳои хориҷӣ ба забони хориҷиро иҷоза намедиҳанд. Ҳавопаймои Качинский 10 апрел суқут карда буд.
XS
SM
MD
LG