Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон таруфаҳои транзитӣ барои Афғонистонро боло бурд


Бахши тиҷорати сафорати Афғонистон дар Душанбе ба ҳукумати Тоҷикистон нома фиристода, хостааст, то сабабҳои якҷониба боло бурда шудани таруфаҳои транзитӣ барои Афғонистон рӯшан карда шавад. Тоҷикистон якҷониба 60 дарсад таруфаҳои транзитии ҳамли бору коло ба Афғонистонро боло бурд, ки ин ба ҳар тонна 6 доллар рост меояд. Раиси Палатаи саноати Афғонистон Муҳаммад Қурбони Ҳақҷӯ аз пеш омадани чунин вазъият изҳори нигаронӣ мекунад. Ин дар ҳолест, ки худи Тоҷикистон низ ба ин гуна мушкил рӯ ба рӯ аст. Боҷи транзитие, ки аз тариқи Узбакистон вориди хоки Тоҷикистон мешавад, низ боло бурда шудааст.
XS
SM
MD
LG