Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯҳои ҳукуматии Либия Адҷабияро ишғол карданд


Нерӯҳои вафодор ба раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ ошӯбгаронро аз шаҳри Адҷабия дур андохта комёбии дирӯзаи онҳоро барбод доданд.

Дар шаҳри Мисурата бошад бар асари задухӯрдҳо дасти кам чаҳор сокини осошта кушта шуданд.

Дар ҳамин ҳол намояндаи вазорати дифоъи Бритониё хабар дод, ки ҳавопаймоҳои кишвар дар Мисурата ва Адҷабия ҳафт тонкро нобуд сохтанд. Аз ин пештар сарвазири Бритониӣ Дэвид Камерон гуфта буд, ки барои ширкат дар амалиёти таъмини ҳарими ҳавоии мамнӯъ барои парвозҳо дар Либия чаҳор ҳавопаймои иловагӣ сафарбар шудааст.

Қарор аст, ки ҳафтаи оянда вазири умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо бо намояндагони Шӯрои миллии созмондодаи ошӯбгарон мулоқот кунанд.

Аз ин пештар хабар дода мешуд, ки раҳбарони панҷ кишвари африқоӣ таҳти раёсати раисиҷумҳури Африқои ҷанубӣ Ҷейкоб Зума ба хотири миёнҷигарӣ байни ҳукумати Либия ва мухолифин ба Триполӣ ва Бенғозӣ сафар мекунанд. Қарор аст, ки сарони Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ, Ҷумҳурии демократии Конго, Мавритания, Малӣ ва Уганда бо раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ ва раҳбарони Шӯрои Миллии муваққат музокирот анҷом диҳанд.
XS
SM
MD
LG