Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талафот дар Мисрота аз ҳамлаҳои нерӯҳои Қаззофӣ


Шӯришиёни Либия мегӯянд, нерӯҳои вафодор ба Муаммар Қаззофӣ, бо шиддат бахшидани ҳамлаҳо бо танку тӯп ба шаҳри Мисрота, имрӯз панҷ нафарро кушта ва 25 тани дигарро маҷрӯҳ кардаанд. Мисрота саввумин шаҳри бузург дар ғарби Либия ва такягоҳи охирини шӯришиён дар муҳосираи нерӯҳои давлатӣ қарор дорад. Дар шарқи кишвар, шӯришиён гуфтанд, нерӯҳои НАТО, иштибоҳӣ як тонки онҳоро ҳадаф гирифтаанд. Айни замон як намояндаи шӯришиён дар шаҳри Бенғозӣ иддаъои ҳукумати Либияро рад кард, ки пештар гуфт, ҳавопаймоҳои Бритониё як майдони нафтро бомбор кардаанд. Абдулҷалил Маъруф, гуфт, ба майдони нафти Сарир нерӯҳои Қаззофӣ ҳамла карда ва ба он осеб задаанд.
XS
SM
MD
LG