Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон аввалин солгарди суқути Боқиевро таҷлил мекунад


Дар Қирғизистон имрӯз аз солгарди аввали аз қудрат барканор кардани Қурмонбек Боқиев, раиси ҷумҳури собиқро таҷлил мекунанд. Рӯзи 7 апрели соли 2010 маъмурони амниятии ҳукумат ба сӯи тазоҳургарон, ки алайҳи фасодкорӣ ва худкомагии ҳукумати Қурмонбек Боқиев эътироз мекарданд, тир кушода ва тақрибан 90 нафарро куштанд. Қурмонбек Боқиев, ки худаш баъди аз қудрат барканор шудани Аскар Оқоев раиси ҷумҳур шуд, баъди ин ошӯбҳо ба Ҷумҳурии Белорус гурехт. Имрӯз чорабиниҳое бахшида ба солгарди тазоҳуроти зиддидавлатӣ дар Қирғизистон баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG