Пайвандҳои дастрасӣ

Либия аз ҳамла ба як майдони нафт хабар дод


Либия мегӯяд, ҳавопаймоҳои Бритониё ба як хати лӯлаи интиқоли нафт дар наздикии баҳри Миёназамин ҳамла карда ва ба он осеб расонидаанд. Холиқ Қоим, муовини вазири умури хориҷаи Либия, гуфт, дар ин ҳамла се посбони майдони нафт кушта шудаанд. Мақомоти Бритониё то ҳол ин хабарро шарҳ надодаанд. Нерӯҳои Бритониё, ҳамроҳи дигар кишварҳои узви НАТО ҳарими парвозмамнӯъ дар Либияро назорат мекунанд. Пештар аз ин нерӯҳои вафодор ба Муаммар Қаззофӣ, ба мавқеъҳои шӯришиён дар шаҳри ғарбии Мисрата бо танку тӯпхона ҳамла кардаанд.
XS
SM
MD
LG