Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон нархи гази худро боло мебарад


Узбакистон нархи гази табии худро барои Тоҷикистон боло бурд. Дар ин бора “Тоҷиктрансгаз” ба матбуот хабар додааст. То ҳол нархи ҳар 1000 метри муккааб газ тақрибан 228 долар буд. Акнун арзиши он беш аз 20 доллар боло меравад ва ба 249 доллар мерасад. Манобеи Узбакистон гуфтаанд, болоравии нарх ба тағирот дар бозорҳои ҷаҳонӣ иртибот дорад. Дар давоми соли 2011 Тоҷикистон аз Узбакистон 180 миллион метри муккааб газ ворид мекунад, вале тағироти пешомада ба ин миқдор газ тааллуқ надорад, зеро дар ин бора миёни ду кишвар қарордод вуҷуд дорад.
XS
SM
MD
LG