Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО дар Ҷалолобод 7 ҷангиро нобуд кард


Нирӯҳои НАТО мегӯянд, ки ба як ҳамлаи шӯришиён дар пойгоҳи шарқи Афғонистон муқовимат нишон дода, ҳафт ҷангиро кушта бар ҷой гузоштанд.

Дар кӯшиши ҳамлае, ки шоми сешанбе дар минтақаи шарқии Ҷалолободи Афғонистон рух дод, ҷангиён аз силоҳҳои хурди оташфишон ва мушакандоз истифода карданд.

Сухангӯи нирӯҳои байналмилалии кӯмаки амниятӣ ба раҳбарии НАТО гуфт, ки дар миёни нирӯҳои афғон ва ISAF хисороте мавҷуд нест.
XS
SM
MD
LG