Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Эътимод" номзади худро ба президентӣ пешбарӣ мекунад


Хабаргузории Регнум иттилоъ додааст, ки як ҷунбиши тозатаъсис бо номи “Эътимод” изҳори омодагӣ кардааст, ки номзади ягонаи худро дар интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ хоҳад кард. Хабаргузории Регнум ин нуктаро аз сомонаи интернетии ин ҷунбиш иқтибос овардааст. Тибқи хабар, дафтари ин ҷунбиш дар шаҳри Душанбе воқеъ гардидааст, вале ба таври мушаххас гуфта нашудааст, ки ба ин ҷунбиш чӣ нируҳо ворид мешаванд. Дар ин хабар ҳадафи ҷунбиш тавзеҳ додани ҳуқуқи инсон ва арзишҳои демократӣ ба қишрҳои мухталифи ҷомеа арзёбӣ шудааст. Вазорати адлияи Тоҷикистон гуфтааст, чунин ҷунбиш дар вазорат сабти ном нашудааст.
XS
SM
MD
LG