Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посбонҳои боздоштгоҳи Тоҷикистон зиндонӣ шуданд


Додгоҳи Тоҷикистон, се посбони боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ ва як маъмури вазорати адлияро дар иртибот ба фирори 25 зиндонӣ аз ин маҳбас ба солҳои мухталифи зиндон маҳкум кардааст. Додгоҳ, Сайдулло Бердиев ва Сӯҳроб Акбаровро ба ҳаштуним солӣ аз озодӣ маҳрум кардааст. Посбони дигар Сайидалӣ Саидов ба ду соли зиндон маҳкум шудааст ва навбатдори вазорати адлия дар он рӯзи фирор Қобилҷон Кассировро бо гуноҳи бесалоҳиятӣ ба панҷ соли зиндон маҳкум кардаанд. Рӯзи 23 августи соли гузашта 25 зиндонӣ се посбони маҳбаси Кумитаи амнияти миллиро кушта ва фирор карданд, ки то кунун 14 нафари онҳо боздошт шудаанд.
XS
SM
MD
LG