Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарбозони Фаронса ва СММ дар даргириҳои Слоновий Кост


Фаронса мегӯяд, сарбозони кишвараш як ҷо бо сарбозони СММ дар Обидҷон машғули амалиёт мебошанд, то аслиҳаи сақиларо, ки ҷонибдорони Лоурент Гбагбо-президенти Айвори Кост ё Слоновий Кост бар зидди шаҳрвандон ва кормандони СММ истифода мекунанд, хунсо созанд. Бино ба гузоришҳо, дар Обидҷон сарбозони Фаронса ва СММ ба сӯи пойгоҳҳои президент Гбагбо оташ кушодаанд. Ҳоло маҳофили байналмиллалӣ Алласане Оутарраро ба унвони раиси ҷумҳур эътироф кардаанд. Ҷонибдорони вай беш аз нисфи қаламрави кишварро зери назорати худ даровардаанд.
XS
SM
MD
LG