Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Яман 12 тазоҳургар кушта шудаанд


Дар Яман нерӯҳои давлатӣ ба рӯи тазоҳургароне оташ кушоданд, ки хостори барканории раиси ҷумҳур Алӣ Абдулло Солеҳ ҳастанд. Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ ва табибон, дасти кам 12 нафар дар маҳалли ҳодиса кушта шудаанд. Рӯзи дуввум аст, дар шаҳри ҷанубии Таиз, ки нерӯҳои давлатӣ бо тазоҳургарон вориди даргирӣ мешаванд. Раҳпаймоиҳо ба нишони ҳамраъйӣ бо тазоҳургарон дар Таиз имрӯз дар шаҳрҳои дигари Яман идома кард ва дар шаҳри Ҳудайда, дар соҳили Баҳри Сиёҳ, пулис барои пароканда кардани тазоҳургарон ба ҳаво оташ кушода ва аз гази ашковар истифода карданд. Дар ҷараёни тазоҳуротҳои чандҳафтаина алайҳи Алӣ Абдулло Солеҳ, раиси ҷумҳури Яман, ки 32 сол боз ҳукумат мекунад, бештар аз 50 нафар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG