Пайвандҳои дастрасӣ

Кишварҳои арабии Халиҷи Форс аз Эрон интиқод карданд


Шӯрои ҳамкории кишварҳои Халиҷи Форс Эронро барои ба гуфтаи худашон “мудохила” дар умури кишварҳои арабии узви ин шӯро маҳкум кард. Изҳороти шӯро дар ин бора дар як мулоқоти фаврии кишварҳои арабии аслан суннимазҳаби Халиҷи Форс дар Риёд-пойтахти Арабистони Саудӣ пахш шуд. Ин шӯро Эрони шиамазҳабро муттаҳам кард ва гуфт, Эрон талош дорад Баҳрайнро ба сунниҳову шиаҳо тақсим кунад. Дар Байрайн тазоҳуроти эътрозии шиаҳои аксарият бар зидди шоҳигарӣ, ки аз сунниҳо иборат аст, идома дорад. Дар изҳороти шӯро ҳамчунин аз Эрон интиқод шудааст, ки дар Кувайт низ шабакаи ҷосусии худро фаъол сохтааст.
XS
SM
MD
LG