Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи севвуми набардҳо барои Абидҷон дар Соҳили Оҷ


Лоран Гбагбо
Лоран Гбагбо
Се рӯз боз даргириҳои сангин барои Абидҷон – бузургтарин шаҳри кишвари африқоии Соҳили Оҷ( Кот дИвуар) идома дорад. Нирӯҳои содиқ ба раҳбари аз сӯи ҷомиаи байналмилалӣ эътирофшудаи Соҳили Оҷ Алҳасан Ватара талош доранд нирӯҳои ҳокими феълии кишвар Лоран Гбагборо, ки бо вуҷуди шикаст дар интихоботи моҳи ноябр аз таҳвили қудрат сар печид, аз Абидҷон берун андозанд. Бино ба хабарҳо, дар минтақаи Дуекоу аз 800 то 1000 нафар кушта шудаанд. Созмонҳои имдодӣ ва СММ мегӯянд, зоҳиран садҳо нафари онҳо бо дасти нирӯҳои Ватара қатл шудаанд. Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон аз Гбагбо даъват кард, ки билофосила истеъфо диҳад.
XS
SM
MD
LG