Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи ҳамлаи нирӯҳои Қаззофӣ дар Мисрота


Нирӯҳои Қаззофӣ дар Мисрота
Нирӯҳои Қаззофӣ дар Мисрота
Нирӯҳои содиқ ба ҳокими Либия Муаммар Қаззофӣ ба бомббору тирборони чирикиҳое, ки аз шаҳри Мисрота, пойгоҳи бузургтарини онҳо дар ғарби Либия, фирор мекунанд, идома медиҳанд. Бино ба хабарҳо, дар ҷараёни даргириҳои ахир чанд нафари ғайринизомӣ кушта шуданд. Табибон мегӯянд, тайи беш аз як моҳи набардҳо барои Мисрота беш аз 240 нафар кушта, ҳудуди 1000 тани дигар захмӣ шудаанд. Дар ҳамин ҳол, паймони низомии НАТО гуфт, ба таҳқиқи хабарҳое шурӯъ кардааст, ки ҳокии ҳалокати 13 чирикӣ бар асари яке аз ҳамлаҳои ҳавоии НАТО дар Либия аст. Чирикиҳо мегӯянд, ин афрод рӯзи ҷумъа бар асари бомббори як минтақаи байни Аҷдобия ва Бурайқа дар шарқи ин кишвари арабӣ ҷон бохтаанд. НАТО фармондеҳии амалиёти Либияро рӯзи панҷшанбе ба дӯш гирифт.
XS
SM
MD
LG