Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сурия дар интизори раҳпаймоиҳои бузургтар


Тазоҳургарон дар Сурия, ки талаби ислоҳоти сиёсӣ доранд, мардумро ба раҳпаймоиҳои бузургтар даъват кардаанд. Рӯзе пеш аз ин Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурия дар суханроние нооромиҳои гузашта дар кишварашро кори дасти “душманони” Сурия хонд. Баъзеҳо интизор доштанд, ки Башшор Ассад вазъи фавқуллодаро, ки панҷ сол боз дар Сурия идома дорад, лағв хоҳад кард, аммо имрӯз ҳукумат гуфт, кумиссиёни махсусе таъсис шудааст, ки ба ҷойи лағви вазъи фавқуллода, масъалаи қабули қонунҳои нав дар мавриди амнияти миллӣ ва мубориза бо терроризмро баррасӣ мекунад. Бино ба гузоришҳо, аз замони шурӯъи тазоҳурот дар ду ҳафтаи гузашта то кунун 30 нафар дар шаҳрҳои Даръо ва Лозиқияи Сурия кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG