Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон зиндониёнро авф мекунанд


Порлумони Қирғизистон саргарми таҳияи тарҳи Қонуни авфест, ки раҳоии зиндониёни ҷавон, занҳо ва куҳансолонро пешбинӣ мекунад. Қанибек Имоналиев, муовини раиси порлумон ва яке аз муаллифони тарҳ ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, онҳое, ки ҷиноятҳои сангин содир кардаанд, шомили авф нахоҳанд шуд. Баррасии ин тарҳ дар ҳоле сурат мегирад, ки ҳазорон тан аз зиндониёни қирғиз бо талаби шароити беҳтар ва риояти ҳуқуқашон аз тарафи маъмурон дар зиндонҳо гуруснанишинӣ карданд. Ба эҳтимоли ғолиб, авф бахшида ба 20 солгарди истиқлоли Қирғизистон, ки 31 августи имсол таҷлил мешавад, эълом хоҳад шуд. Теъдоди зиндониёни Қирғизистон 10 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG