Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Белоруснефт" дар "рӯйхати сиёҳ"-и ИМА


ИМА муассисаи давлатии «Белоруснефт»-ро ба феҳристи ширкатҳое шомил намуд, ки режими таҳримҳо алайҳи Эронро халалдор кардааст.

Тасмими Вошингтон маънои онро дорад, ки аз ин баъд «Белоруснефт» ба бозори Амрико роҳ дода нахоҳад шуд.

Мақомоти Амрико изҳор намуданд, ки дар бораи созиши миёни «Белоруснефт» ва ширкати эронии «Нафтиран Интертрейд» ба маблағи 500 миллион доллар иттилоъ дарёфт кардаанд. Гуфта мешавад, ки ин созиш соли 2007 имзо шудааст.

Таҳримҳои Шӯрои амнияти СММ алайҳи Эрон дар робита ба коркарди барномаи ҳастаии кишвар ҷорӣ шудаанд. Вошингтон Теҳронро дар талоши дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ гумонбар мехонад.
XS
SM
MD
LG