Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи тазоҳуротҳои зиддидавлатӣ дар Сурия


Бино ба гузоришҳо дар ҷануби Сурия тазоҳуроти зиддидавлатӣ идома дорад. Аз ин пеш, зимни саркӯбии тазоҳургарон даҳҳо нафар кушта шудаанд. Гузориш мешавад, ки дар шаҳри Даръо, ки тазоҳургарон бо нерӯҳои амниятӣ ҳафтаи гузашта чандин бор даргир шуданд, садҳо нафар бо талаби ислоҳот ба тазоҳуроти худ идома медиҳанд. Дар шаҳри Тафос шоҳидони айнӣ гуфтаанд, дар маросим мотами марде, ки рӯзи ҷумъа дар Даръо кушта шуд, қароргоҳи ҳизби ҳокими Баъс ва пулисро оташ задаанд. Ҳамингуна дар шаҳри соҳилии Латакиё, ки рӯзи ҷумъа саҳнаи хушунатҳо буд, тазоҳургарон қароргоҳҳои ҳизби Баъсро оташ задаанд. Мақомоти Сурия 200 зиндониро ба хотири ором кардани ислоҳталабон аз зиндон раҳо кардаанд.
XS
SM
MD
LG