Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёдоварӣ аз қаҳрамонии як зодаи Тоҷикистон дар Украина


Дар Украина ёди қаҳрамони тоҷикро гиромӣ доштанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:37 0:00

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед

Дар шаҳри Киев, пойтахти Украина, ки ду сол боз шоҳиди ҳамлаи бераҳмонаи Русия аст, гурӯҳе аз қаҳрамонии як зодаи Тоҷикистон ёд кардаанд. Саидқул Турдиев 81 сол пеш, дар айёми ҷанги дувуми ҷаҳонӣ ва ҳангоми дифоъ аз хоки Украина кушта шуд.

Саидқул Турдиев фармондеҳи воҳиди низомии Артиши Шӯравӣ дар ҷанги зидди Олмони фашистӣ буд. Ба поёни ин ҷанг имсол 79 сол пур мешавад. Турдиевро дар оромгоҳи Байковеи Киев дафн карда, барои саҳмаш дар рондани фашистон унвони Қаҳрамони Шӯравӣ додаанд.

Тоҷикони муқими Украина рӯзи 3-юми майи имсол ба ин оромгоҳ рафтанд. Давлаталӣ Назризода, сафири Тоҷикистон дар Украина, гуфт, “бисёриҳо намедонистанд, ки дар инҷо ҳамватанашон қаҳрамонӣ карда, ҳалок шудааст ва инҷо ба хок супурда шудааст.”

Рӯзҳои 8 ва 9-уми майро дар аксар кишварҳои дунё ҳамчун пирӯзӣ ба Олмони фашистӣ ҷашн мегиранд. Гумон мерафт, дигар чунин ҷанге дар Аврупо такрор нахоҳад шуд, вале соли дуюм аст, ки ин рӯзро дар Украина зери мушакборони Русия ба ёд меоранд. Ҳуҷуми бедалели Русия ба Украина таҷлили ин ҷашн ва аҳамияти онро зери соя бурдааст.

Қурбон Ғуломов, яке аз тоҷикони муқими Украина, рӯзи 6-уми май гуфт, “Путин аз Гитлер ягон фарқ надорад. Гитлер славянҳоро одам ҳисоб намекард, Русия украиниҳоро одам намеҳисобад. Ман ба зидди мардуми Русия нестам, балки ин коррро раҳбарони ин кишвар кардаанд. Инҷо онҳо ваҳшиёна рафтор карданд. Дасти одамонро баста, куштанд ва дар сардии зери 15 дараҷа нигаҳ доштанд.”

Ҷанги дуюми ҷаҳон соли 1939 оғоз шуд ва соли 1945 бо шикасти Олмони фашистӣ ба поён расид. Дар ин ҷанг аз аҳолии як миллион нафарии Тоҷикистон ҳудуди 300 ҳазор ширкат кард. Ҳудуди сад ҳазор тоҷикистонӣ дар ин ҷанг кушта шудааст.

XS
SM
MD
LG