Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти намояндагони ВКХ-и Тоҷикистон ва Украина


Сафорати Украина дар Душанбе
Сафорати Украина дар Душанбе

Муовинони вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Украина мулоқот кардаанд.

Вазорати корҳои хориҷии Украина дар эъломияе гуфт, суҳбати Содиқ Имомӣ ва Андрей Сибиҳа рӯзи 30-юми апрел ба таври онлайн ё маҷозӣ сурат гирифт.

Вазорат онро “тамоси аввалини дуҷониба дар ин сатҳ” аз оғози таҷовузи Русия ба хоки Украина номидааст. Тарафи Тоҷикистон дар ин бора хабару ҷузъиёт надод.

Ду тараф дар бораи муносибати 32-солаи дипломатии Тоҷикистону Украина гап зада, бар “аҳамияти таҳкими ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ” таъкид намудаанд.

Вазорати корҳои хориҷии Украина мегӯяд, "дар мулоқот дурнамои ҳамкорӣ, аз ҷумла дар чаҳорчӯби созмонҳои байнулмилалӣ баррасӣ шуд. Андрий Сибиҳа ба ҷониби Тоҷикистон барои пуштибонӣ аз истиқлолу тамомияти арзии Украина изҳори сипос карда, дар бораи омодагӣ ба нишасти нахустини сулҳ дар Швейтсария хабар дод."

Русия дар моҳи феврали соли 2022 ба Украина ҳамла кард. Душанбе шарики стратегии Маскав аст ва аз тарафи дигар бо Украина ва кишварҳои ғарбӣ низ ҳамкорӣ дорад.

Мақомоти Тоҷикистон дар бештар аз ду соли ҷанг талош карданд, ки аз суҳбатҳои ошкор дар бораи ҳамлаи Русия ба Украина худдорӣ кунанд. Раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ, як ниҳоди вобаста ба президенти Тоҷикистон, моҳи августи соли 2023 гуфта буд, ки Душанбе мавқеи "холисонаи фаъол"-ро пеш гирифта, дар равобити худ "ба ҳеч як ҷониб афзалият намедиҳад".

XS
SM
MD
LG