Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумат барои "Роғун" боз 60 млн сомонӣ ҷудо кард


Ҳукумати Тоҷикистон барои идомаи сохтмони неругоҳи барқии обии "Роғун" боз шаст миллион сомонӣ ё 5,5 миллион доллар маблағ ҷудо кардааст.

Қарори ҳукумат 8-уми апрел қабул шуда, Радиои Озодӣ 30-юми апрел бо муҳтавои он шинос шуд. Дар қарор омадааст, шаст миллион сомонӣ барои нерӯгоҳи “Роғун” аз ҳисоби суд ё даромади саҳмияҳои давлатӣ пардохт карда мешавад.

Ҳукумат раҳбарони нерӯгоҳи “Роғун”-ро вазифадор кардааст, ки дар бораи чигуна харҷи шудани пул ба Вазорати молия гузориш диҳанд.

Пеш аз ин дар моҳи феврали имсол ҳукумат барои идома додани сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" 100 миллион сомонӣ ё беш аз 9 миллион доллар ҷудо карда буд. Ин маблағҳо аз ҳисоби фоидаи корхонаҳои давлатӣ ва ҷаримаҳои камераҳои “Шаҳри бехатар” буд.

Ҳукумати Тоҷикистон то ин вақт аз буҷети кишвар барои нерӯгоҳи “Роғун” миллионҳо доллар ҷудо кардааст. Аммо мақомот гуфтаанд, барои идомаи сохтмони он сармояи хориҷӣ ҷустуҷӯ доранд. Аз ҷумла, намояндагони ҳукумат рӯзи 18-уми апрел аз Бонки Ҷаҳонӣ хостанд дар сохтани неругоҳи “Роғун” маблағгузорӣ кунад.

XS
SM
MD
LG