Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пайдо шудани духтари 15-солаи қирғизистонӣ дар Русия


Бинои Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон.
Бинои Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон.

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон хабар дод, мақомоти Русия ҳангоми "рейдҳо" дар як ферма духтари 15-солаи қирғизистониеро пайдо кардаанд, ки бе волидонаш онҷо кор мекардааст.

Дар бораи ин духтари ноболиғ пештар расонаҳои Русия низ навишта буданд. Мақомоти Русия ҳангоми "рейд" дар он фермаи мавриди назар 68 касро пайдо кардаанд, ки миёнашон шаҳрвандони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Озарбойҷон будаанд.

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон мегӯяд, духтари ноболиғи қирғизистонӣ дар он ферма ҳамроҳи хоҳарбузурги 36-солааш қарор дошт.

Тафтишҳои мақомоти Русия дар маконҳое, ки бештар муҳоҷирони меҳнатӣ аз Осиёи Марказӣ онҷо кор мекунанд, баъди ҳамлаи "Крокус Сити Ҳол" сахттар шуд.

XS
SM
MD
LG