Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бохти духтарони тоҷик ба қирғизҳо дар Ҷоми  CAFA


Дастаи мунтахаби духтарони то 18-солаи Тоҷикистон дар нахустин бозиаш дар мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)-2024, ки дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад, аз тими Қирғизистон бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд.

Дар ин мусобиқа, ки дар Варзишгоҳи марказии Душанбе то рӯзи 28-уми апрел идома меёбад, дастаҳои мунтахаби духтарони то 18-солаи Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон ширкат доранд.

Дар даври аввали мусобиқа дастаи Қирғизистон бар Туркманистон бо ҳисоби 3:1 ва тими Эрон бар Узбекистон бо ҳисоби 4:2 пирӯз шуданд.

Дар даври дуюми мусобиқа футболбоздухтарони тоҷик бозиро ба ҳамсолони худ аз Қирғизистон бо ҳисоби 0:3 бохтанд. Ҳарсе голро ба дарвозаи мизбонон Алина Гапарова зада, “хет-трик” кард. Дар бозии дигари даври дуюми мусобиқа тими Эрон ба дарвозаи дастаи Туркманистон 7 голи беҷавоб зад.

Баъди натиҷагирии ду даври мусобиқа дар ҷадвал дастаҳои Эрон ва Қирғизистон бо шашимтиёзӣ пешсафанд. Тимҳои Узбекистон, Тоҷикистон ва Туркманистон имтиёз нагирифтаанд.

Бозиҳои даври сеюми мусобиқа рӯзи чоршанбеи 24-уми апрел баргузор мешаванд: Узбекистон – Қирғизистон (15:00),

Тоҷикистон – Туркманистон (18:00).

Натоиҷи бозиҳои CAFA-2024 миёни духтарони то 18-сола:


21-уми апрел, даври якум

Туркманистон - Қирғизистон - 1:3

Эрон - Узбекистон - 4:2

22-юми апрел, даври дуюм

Туркманистон - Эрон - 0:7

Қирғизистон - Тоҷикистон - 3:0

24-уми апрел, даври сеюм

15:00 - Узбекистон – Қирғизистон

18:00 - Тоҷикистон - Туркманистон

26-уми апрел, даври чорум

15:00 - Узбекистон – Туркманистон

18:00 - Эрон - Тоҷикистон

28-уми апрел, даври панҷум

15:00 - Қирғизистон – Эрон

18:00 - Тоҷикистон - Узбекистон

XS
SM
MD
LG