Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Русия ҳукми зиндони сухангӯи "Фейсбук"-ро дар ғайбаш эълом кард


Энди Стоун
Энди Стоун

Додгоҳи ҳавзаи дувуми низомии ғарбии Русия сухангӯи ширкати "Meta" Энди Стоунро дар ғайбаш ба 6 сол зиндон маҳкум кард.

Хабаргузории расмии ТАСС иттилоъ дод, ки Энди Стоун ба “дуруст шумурдани терроризм" гунаҳкор дониста шуд.

Додситон барои Стоун 7 сол зиндон талаб карда буд.

Вакили мудофеи гумонбар аз додгоҳ хост, шахси зери ҳимояашро бегуноҳ эълом кунад.

Ба гуфтаи ӯ, ташхис нишон дода, ки суханҳои Стоун ба артиши Русия равона нашуда буд. Вакил ҳамчунин зикр кард, ки аз рӯйи қарори додгоҳ ба зинаи болоӣ шикоят мебаранд.

Сухангӯйи ширкати "Meta"-ро, ки молики шабакаҳои иҷтимоии "Facebook" ва "Instagram" аст, Вазорати корҳои дохилии Русия тирамоҳи соли гузашта таҳти пайгарди байнулмилалӣ қарор дода буд.

XS
SM
MD
LG