Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як вакили дифоъ ба иттиҳоми "қаллобӣ"


Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон як вакили дифоъро бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт кардааст.

Дафтари матбуоти ин ниҳод шоми 22-юми апрел бо пахши хабарномае гуфт, адвокат Чалишов бо ваъдаи кам кардани ҷазо аз тарафи додгоҳ, аз ду зерҳимояаш 200 ҳазор сомонӣ гирифтааст.

Аммо ба гуфтаи Оҷонсӣ, ин адвокат ба фоидаи зерҳимояаш “ягон амали муайянро иҷро накардааст.” Назари ин вакили дифоъ ба қазия феълан маълум нест.

Алайҳи ӯ бо иттиҳоми қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон парванда боз кардаанд.

Дар гузашта бархе адвокатҳо гуфта буданд, маблағи гирифтани онҳо аз зерҳимояҳо ҳаққи корашон аст, сарфи назар аз онки додгоҳ чӣ қароре содир мекунад.

Ҳукумати Тоҷикистонро ҳадди ақал нуҳ соли ахир барои фишор ба вакилони дифоъ танқид мекунанд. Бархе вакилони дифои шинохта аз ҷумла Бузургмеҳр Ёров зиндонӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG