Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шавкат Мирзиёев бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад


Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон, рӯзи 18-уми апрел бо сафари давлатӣ вориди Душанбе шуд. 

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, сафари Шавкат Мирзиёев рӯзҳои 18-19-уми апрел идома мекунад. Дар ин сафар гуфтугӯҳои роҳбарони Тоҷикистону Узбекистон ва баргузории чанд чорабинӣ дар назар аст.

Пештар сафорати Узбекистон дар Душанбе хабар дода буд, ки Шавкат Мирзиёев дар сафараш ба Тоҷикистон бо президент Эмомалӣ Раҳмон мулоқот карда, дар рӯзҳои фарҳангии Узбекистон ширкат мекунад.

Шавкат Мирзиёев бори охир моҳи сентябри соли гузашта ба Душанбе омад ва дар ҷаласаи роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ширкат кард.

Равобити Душанбе ва Тошканд дар солҳои роҳбарии Ислом Каримов сард ва марзҳо баста буд. Ин равобит баъди ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев дар соли 2016 беҳбуд ёфт, вале ҳарду кишвар солҳои охир барои саркӯби дигарандешон, пахши гирдиҳамоиҳои осоишта ва боздошту ҳабси рӯзноманигорону блогерон танқид мешаванд.

XS
SM
MD
LG