Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Фаронса қасри шавҳари Людмила Путинро мусодира карданд


Қасри "Сюзанна".
Қасри "Сюзанна".

Мақомоти Фаронса қасреро мусодира карданд, ки ба Артур Очеретний - тоҷири русиягӣ, шавҳари кунунии Людмила Путин тааллуқ дорад.

Ин қаср, ки номи "Сюзанна"-ро дорад, дар соҳили халиҷи Бискай ҷойгир аст ва 5,4 млн евро арзиш дорад.

Қасри мазкурро шавҳари кунунии Людмила Путин соли 2013 харида буд. Людмила маҳз ҳамон сол аз Владимир Путин - президенти Русия талоқ гирифт.

Людмила дар бораи издивоҷи дувумаш расман хабар надодааст. Расонаҳо навиштанд, ки ин издивоҷ соли 2015 сурат гирифтааст.

XS
SM
MD
LG