Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти афсари милиса барои гирифтани пора


Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон мегӯяд, парвандаи як афсари милисаро ба додгоҳ фиристодааст.

Капитани милиса Раҳимзода ба гирифтани 20 ҳазор сомонӣ пора муттаҳам мешавад. Назари худаш ва вакили дифоаш ба иттиҳом маълум нест.

Дар хабарномаи расмии Оҷонсии зидди фасод омадааст, ин афсар корманди шуъбаи таҳқиқотии Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Варзоб буд ва барои боз накардани парвандаи ҷиноятӣ аз як сокин пора талаб кардааст.

Оҷонсӣ гуфтааст, ин корманди милисаро моҳи феврал дар вақти гирифтани пора дастгир намуда, парвандаашро баъди тафтиш ба додгоҳ фиристодаанд. Аммо гуфта нашудааст, ки ба кадом додгоҳ.

Фасод аз мушкилиҳои асосии Тоҷикистон гуфта мешавад ва солона даҳҳо корманди давлатӣ бо ҷурми гирифтани пора дастгир мешаванд.

XS
SM
MD
LG