Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷазо барои хушунати хонаводагӣ дар Қазоқистон сангинтар шуд


Қосимҷомарт Тоқаев
Қосимҷомарт Тоқаев

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев қонунеро имзо кард, ки ҷазоро барои ҳамагуна хушунат алайҳи занон ва кӯдакон сангинтар мекунад.

Тарҳи қонунро палатаи поёнии порлумони Қазоқистон рӯзи 28-уми феврали имсол қабул карда буд.

Тибқи тағйиру иловаҳо, барои кӯдакозорӣ ва куштани кӯдакон ҳабси якумрӣ пешбинӣ шуда, ҷазо барои расондани зарари сабук, миёна, вазнин ба саломатӣ ва шиканҷа сахттар гаштааст.

Дар қонун барои қасдан расонидани зарар ба саломатӣ то 164 доллар ҷарима, то 200 соат кор ва ё то 50 рӯз ҳабси маъмурӣ пешбинӣ карда шудааст.

Хушунати хонаводагӣ яке аз мушкилоти ҷомеаи Қазоқистон ба ҳисоб меравад. Бино ба омори расмӣ, бисёре аз занон дар Қазоқистон аз сӯи ҳамсарон ва ё ҳамхонаҳои худ хушунат мебинанд.

Пулиси он кишвар ҳар сол бештар дар бораи хушунат нисбат ба занон зиёда аз 100 ҳазор шикоят мегирад.

XS
SM
MD
LG