Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди ёрии ҳуқуқӣ ба муҳоҷирони шиканҷашудаи тоҷик


Айна Шорманбоева
Айна Шорманбоева

Мудири созмони “Ташаббуси ҳуқуқи байнулмилалӣ” Айна Шорманбоева гуфт, парвандаи шиканҷаи даҳҳо нафаре, ки дар ҷараёни ҳодисаҳои моҳи январи соли 2022 дар деҳаи Кошмамбети вилояти Алмато дастгир шуда буданд, ба Додситонии кулли Қазоқистон фиристода шудааст.

Ба гуфтаи Шорманбоева, дар миёни шиканҷашудаҳо шаҳрвандони Тоҷикистон низ буданд, вале онҳо шикоят накардаанд.

Ҳомии ҳуқуқи қазоқистонӣ афзуда, ки созмони зери раҳбарии ӯ омодааст, дар сурати шикоят аз ҳуқуқи тоҷикистониҳо ҳимоят кунад.

"Парвандаи шиканҷаи дастҷамъонаи ҳудуди 100 муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ ба Додситонии кулли Қазоқистон фиристода шудааст. Ман дар доираи ин парванда аз ҳуқуқи 6 шаҳрванди Узбекистон ҳимоят мекунам. Номи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки шиканҷа шудаанд, дар ин парванда нест. Додситонии Тоҷикистон дар пайдо кардани ҷабрдидаҳо фаъолона мусоидат намекунад," -- навиштааст ӯ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук.

Эътирозҳои оммавии моҳи январи соли 2022 дар Қазоқистон ба бетартибӣ печиданд. Дар натиҷа як гуруҳи одамони мусаллаҳ ҳамла ба бинои ниҳодҳои давлатиро оғоз карданд.

Мақомоти Қазоқистон ҳодисаро ҳамчун кушиши табаддулоти давлатӣ бо кумаки неруҳои хориҷӣ номиданд. Дар ҷараёни ҳодисаҳо садҳо кас боздошт ва беш аз 200 одам кушта шуд.

XS
SM
MD
LG