Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон парвози ҳавопаймоҳоро ба Телавив бекор кард


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ширкати "Uzbekistan Airways" рӯзи 15-уми апрел ба далели вазъи кунунӣ дар Ховари Миёна парвози ҳавопаймоҳояшро дар масири Тошканд – Телавив бекор кардааст.

"Uzbekistan Airways" иттилоъ дод, ки тасмим барои баста будани ҳарими ҳавоии баъзе аз кишварҳои Ховари Миёна ва бо назардошти қарори мақомоти авиатсияи Узбекистон барои таъмини амнияти парвозҳо гирифта шуд.

Аз муштариён даъват шудааст, ки барои баргардондани билет ба намояндагиҳои ширкат дар дохил ва берун аз Узбекистон муроҷиат кунанд.

Эрон шаби 13 ба 14-уми апрел дар як ҳамлаи бесобиқа ба Исроил садҳо мушаку ҳавопаймои бесарнишин (паҳпод, дрон) партоб кард. Артиши он кишвар гуфт, ки ҳамаи зарбаҳояш "ба ҳадаф расиданд".

Исроил ва муттаҳидонаш рӯзи 14-уми апрел гуфтанд, зиёда аз 300 паҳподу мушак, аз ҷумла чанд мушаки болдори Эронро дар ними роҳ аз байн бурданд ва онро "комёбии бисёр муҳими стратегӣ" хонданд.

XS
SM
MD
LG