Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талафоти ғайринизомиён дар Украина афзудааст


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дафтари ҳуқуқи башари Созмони Милал рӯзи 9-уми апрел гуфт, ки талафоти ғайринизомиён дар моҳи март дар Украина афзудааст.

Сабабашро ба ҳамлаҳои зиёди Русия ба иншооти иҷтимоӣ пайванд доданд.

Ба ҳисоби нозирони ҳуқуқи башар, дар моҳи марти имсол дар Украина ба камияш 604 ғайринизомӣ, аз ҷумла 57 кӯдак, кушта ва ё захмӣ шудаанд.

Ин рақам дар муқоиса бо омори моҳи феврал 20 дарсад бештар аст.

Нозирон мегӯянд, талафоти ғайринизомиён ҳангоми ҳамлаи Русия ба мактабу шифохонаҳо ва зербиноҳои дигари муҳим дар Украина сабт шудааст.

XS
SM
MD
LG