Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрдуғон ба Вашингтон сафар хоҳад кард


Президентони Туркия ва ИМА - Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва Ҷо Байден дар ҷаласаи НАТО. Мадрид, Испания, 29 июни соли 2022
Президентони Туркия ва ИМА - Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва Ҷо Байден дар ҷаласаи НАТО. Мадрид, Испания, 29 июни соли 2022

Як  мақоми амниятии Туркия рӯзи 29 март гуфт, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳурии Туркия рӯзи 9 май аз Иёлоти Муттаҳида боздид мекунад.

Баъди соли 2019, ки Эрдуғон бо президенти пешин Доналд Трамп дидор кардаву бо ӯ муносибатҳои шахсии дӯстонае барпо карда буд, ин сафари аввалини ӯ ба Амрико мешавад. Пас аз интихоботи президент Ҷо Байден дар соли 2020, Анкара хостори мулоқоти дигари рӯ ба рӯ шуд.

Равобити миёни Вашингтону Анкара бо сабаби ихтилофи назар дар чандин масъала сардтар шуда буд. Анкара бо таъхири 20-моҳа ниҳоят бо узвияти Шведсия дар НАТО розӣ шуд ва равобити ду кишвар ҳам баъди ин беҳтар мешавад.

XS
SM
MD
LG