Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигор Анушервон Орипов мегӯяд, ӯро ба Гурҷистон роҳ надодаанд


Анушервон Орипов
Анушервон Орипов

Хабарнигори тоҷик Анушервон Орипов мегӯяд, рӯзи 26-уми март ӯ ва чанд шаҳрванди дигари Тоҷикистон натавонистаанд ба хоки Гурҷистон ворид шаванд.

Орипов дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ӯ бо ҳамсару ду фарзанди хурдсолаш мехостанд бо мақсади ҷаҳонгардӣ аз Русия ба Гурҷистон гузаранд, вале дар гузаргоҳи байнулмилалии сарҳадии Дариалӣ дармонданд. Ӯ маҷбур шудааст дубора ба шаҳри Владикавкази Русия баргардад.

Анушервон Орипов рӯзи 27-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар муддати сеюним соат шоҳиди ба Гурҷистон роҳ наёфтани 8 шаҳрванди Тоҷикистон шуд.

“Ду мошинеро, ки ронандааш шиносномаи тоҷикӣ доштанд, бозпас фиристоданд. Сабабашро шарҳ надоданд. Ба мо коғазе доданд, ки дар он қарори рад шудани ҳаққи вуруд ба Гурҷистон навишта шуда буд. Барои ҳар кас як баҳонаи дигаре буд. Ба ман навиштанд, ки гуё сабаби ба Гурҷистон ворид шуданамро шарҳ дода натавонистам, ҳарчанд гуфтам, туризм аст. Инчунин навиштаанд, ки бимаи тиббии гурҷӣ надорам,” – афзуд ӯ.

Анушервон Орипов гуфт, ба суолҳои батакрори ӯ сарҳадбонон мавриди ҳадаф қарор гирифтани шаҳрвандони Тоҷикистонро пайваста рад мекарданд ва "муносибати дағалона доштанд".

Маълум нест, сабаби чунин рафтори марзбонони Гурҷистон чист. Дар матбуоти расмӣ ҳам ҳеч хабаре дар бораи эҳтимоли ҷорӣ шудани маҳдудиятҳое барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин кишвари Қафқози Ҷанубӣ навишта нашудааст.

XS
SM
MD
LG