Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лукашенко: Чораҳои амниятӣ монеи вуруди ҳамлаварон ба Беларус шуд


Александр Лукашенко
Александр Лукашенко

Раҳбари худкомаи Беларус Александр Лукашенко рӯзи 26-уми март гуфт, ҳамлаварон ба толори консертӣ дар наздикиҳои Маскав дар охири ҳафтаи гузашта бинобар чораҳои амниятӣ дар сарҳад натавонистанд вориди кишвараш шаванд.

Ба нақл аз хабаргузории давлатии БелТА, Лукашенко эълон кард, ки чораҳои амниятӣ дар хати марзи Беларус бо Русия замоне пурзӯр шуд, ки маълум гашт сабабгорони ҳамла ба минтақаи Брянск фирор карданд.

"Бинобар ҳамин, онҳо натавонистанд вориди Беларус шаванд. Онҳо инро диданд, бинобар ҳамин ба тарафи минтақае дар марзи Украина ва Русия рафтанд", -- гуфт Лукашенко.

Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин иддао кард, ки гумонбарҳо мехостанд ба Украина фирор кунанд. Украина ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ин иддаоро рад карда, гуфтанд, ки Украина дар ин ҳамла даст надорад.

Александр Бортников, раиси Хадамоти федеролии амнияти Русия ё ФСБ рӯзи 26-уми март иддаои Путинро такрор кард ва гуфт, ки на танҳо Украина, балки Ғарб низ дар ин ҳамлаи маргбор нақш дорад.

Артём Шрейбман, коршиноси сиёсӣ ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, ки изҳороти Лукашенко "бо ончӣ Русия мегӯяд, бисёр фарқ мекунад."

"Агар ҳамлаварон мехостанд ба Украина фирор кунанд, Беларус бо он ҳеч кор карда наметавонист", -- гуфт ӯ.

XS
SM
MD
LG