Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишастҳои хабарӣ баҳри огаҳии мардум аст ё...Гапи Озод.


Дар акс: Мазҳаб Ҷумъа, Мирзонабии Холиқзод ва Нуриддин Қаршибоев
Дар акс: Мазҳаб Ҷумъа, Мирзонабии Холиқзод ва Нуриддин Қаршибоев

Нишастҳои хабарие, ки дар Тоҷикистон идома доранд, баёнгари чӣ ҳастанд? Озодии сухан ва матбуот ё хок пошидан ба чашми матбуоту журналистҳо?

Баъзе аз хабарнигорон мегӯянд, чанд соли охир нишастҳои хабарӣ на маҳалле барои посух гирифтан ба суолҳои беҷавоб шудааст, балки ба як минбари хондани ҳисоботи хушк ва таърифи кори вазорату идораҳо табдил ёфтааст. Чунин шеваи баргузор кардани нишастҳои хабарӣ оё дар воқеъ баёнгари посухгӯии мақомоти Тоҷикистон дар назди ҷомеа ҳаст ё не?

Мавзӯи "Гапи озод" ин дафъа ҳамин аст ва меҳмонони барнома – Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ва Мазҳаб Ҷумъа, хабарнигори "Азия-Плюс".

Иқтибосҳо аз барнома:

Нуриддин Қаршибоев: “Бисёр мехостем, ки ҳамкасбони мо, раҳбарони расонаҳо, дар сурати нақзи ҳуқуқашон барои дастрасӣ ба иттилоот ҳатман ин ҳодисаро ҳуҷҷатгузорӣ кунанд ва ба Прокуратураи генералӣ муроҷиат кунанд. Прокуратураи генералӣ (барои таҳқиқи он) ба дигар прокуратураҳо супориш диҳад.”

Мазҳаб Ҷумъа: “Мехоҳам, зикр кунам, ки устод чанд дафъа дар робита ба муроҷиат кардан ба додгоҳ ва додситонӣ ишора карданд. Ман фикр мекунам, ки сабаби муроҷиат накардани журналистон ба додгоҳ ва додситонӣ, ин эътимод надоштани онҳо ба системаи додгоҳии мо аст. Мутаассифона, дар баъзе аз ҳолатҳо метавонад, ки ин муроҷиати журналист баръакс бар зарари худи журналист шавад. Яъне, вақте шумо аз болои як ниҳоди давлатӣ, ки масалан танзимкунандаи як соҳа аст, ба додгоҳ муроҷиат мекунед, исбот кардани онки онҳо ҳуқуқи касбии шуморо нақз карданд, бисёр мушкил мешавад. Ва мо дар таҷриба ҳам хеле кам ин ҳодисаро дорем, ки як журналист тавониста бошад, ё ки як созмони журналистӣ тавониста бошад, ё як расона тавониста бошад, ки аз болои як ниҳод барои нагирифтани иттилоъ ба додгоҳ шикоят карда ва ғолиб шуда бошад.”

Нуриддин Қаршибоев: “Ман бисёр мехостам, ки ҳамин чизро таъкид кунам. Аз гунҷишк тарсӣ, арзан накор. Агар ту ҷуръати муроҷиат барои риояти ҳуқуқи худатро надошта бошӣ, дар журналистика ту ҳеч кор карда наметавонӣ.”

Мазҳаб Ҷумъа: “Вале дидаву дониста ба оташ наздик шудан ҳам қобили қабул нест.”

Нуриддин Қаршибоев: “Шумо бояд пеш аз онки ба оташ наздик шавед, албатта, чораҳои эҳтиётиро риоя кунед. Мутаассифона, ҳамингуна мавқеъ аз ҷониби бештари ҳамкасбони мо ва ҷорӣ шудани худсензура ба ҳамин ҳолат оварда расонидааст, ки ҳуқуқи дастрасӣ ба иттиллот риоят намешавад.”

Радиои Озодӣ: Чӣ бояд кард, ки нишастҳои хабарӣ ҷиддитар сурат гиранд ва хабарнигорон бо суолҳои бепосух аз толори нишаст берун наоянд?

Нуриддин Қаршибоев: “Пеш аз ҳама волоияти қонун, риояти бечунучарои талабот, талаботи қонунгузории Тоҷикистон доир ба дастрасӣ ба иттилоот аз ҳарду ҷониб, ҳам воситаҳои ахбори омма ва ҳам ниҳодҳои давлатӣ риоят карда шавад. Омили дигар ин аст, ки бояд ба нишасти матбуотӣ омодагии хуб гиранд, ҳам ниҳоди давлатӣ ва ҳам рӯзноманигорон.”

Мазҳаб Ҷумъа: “Мо, журналистон, вақте дар нишастҳои матбуотӣ ширкат мекунем, ҳадафамон як аст. Танҳо гирифтани иттилое, ки қонунгузории Тоҷикистон иҷоза додааст, дигар ҳеч чиз. Барои мо зиёфату қаҳва ва дасторхони бози онҳо лозим нест. Беҳтар аст, ки як нишасти хуб баргузор кунанд.”

Барномаи комилро инҷо бубинед:

Гапи озод: Нишастҳои хабарӣ баҳри огаҳии мардум аст, ё фиреби хабарнигорон?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:43:25 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG