Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тарс" ё "талафи беҳудаи вақт"? Чаро раҳбарони ОМ бо хабарнигорон рӯ ба рӯ намешаванд?


Суханронии Қосимҷомарт Тоқаев дар Анҷумани халқҳои Қазоқистон, 27-уми апрели соли 2023
Суханронии Қосимҷомарт Тоқаев дар Анҷумани халқҳои Қазоқистон, 27-уми апрели соли 2023

Роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар поёни ҳар сол ё бахшида ба ягон ҳодисаҳои муҳими сиёсӣ нишасти хабарӣ баргузор намекунанд. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки 32 сол боз дар сари қудрат аст, ягон дафъа нишасти калони хабарӣ нагузарондааст. Президенти Қазоқистон соли 2019 дар вохӯрӣ бо рӯзноманигорон ваъда дода буд, ки "чунин нишастҳо ба анъана табдил хоҳад ёфт", аммо ваъдаи ӯ амалӣ нашуд. Роҳбари Қирғизистон вохӯриро бо намояндагони расонаҳо “талафи беҳудаи вақт” мешуморад.

“Реҷаи вазнини кор”

Берик Уали
Берик Уали

27-уми декабри соли 2023 мушовир ва сухангӯйи президенти Қазоқистон Берик Уали ба “Казинформ” мусоҳиба дод ва аз як сол кори Қосимҷомарт Тоқаев натиҷагирӣ кард. Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта ба зиёда аз 53 ҳазор муроҷиат посух додаанд.

Сухангӯ бо ишора ба “реҷаи сахти корӣ”-и президент Тоқаев гуфт, соли гузашта ӯ ҳашт брифинг баргузор карда, бо расонаҳои маҳаллӣ ва хориҷӣ чор дафъа мусоҳиба анҷом дод.

Рӯзи 2-юми январ Берик Уали акси Қосимҷомарт Тоқаевро ҳамроҳи мудири нашрияи “Қазақ газеттери” Дикан Камзабекули нашр кард, ки дар қасри президент бардошта шудааст. Ӯ навишт, ки мусоҳибаи пурраи Тоқаев дар нашрияи “Egemen Qazaqstan” нашр мешавад. Бо ин мешавад тахмин кард, ки Тоқаев нишасти калони хабарӣ баргузор намекунад. Ҳарчанд ӯ ду бор ба баргузории он ваъда дода буд.

Назарбоев ва Тоқаев

Дар Осиёи Марказӣ ду кишваре аст, ки роҳбаронаш нишастҳои калони хабарӣ баргузор кардаанд. Ҳарчанд ба ин гуна нишастҳо хабарнигорон интихобӣ роҳ дода мешуданд ва суолҳо низ қаблан бо рӯзноманигорон мувофиқа карда мешуданд.

Президенти собиқи Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ҳарчанд кам, аммо сари чанд вақт нишасти хабарӣ баргузор мекард. Ӯ ҳамчунин дар пахши мустақими шабакаҳои давлатӣ баромад мекард ва баъзе аз сокинон ба тамос баромада, ба ҷойи суолу ҷавоб бештар орзуву таманно мекарданд.

Баъзан посухҳои Назарбоев ба суолҳои матбуот дар вохӯрӣ бо чанд муҳаррир ё хабарнигорон садо медод. Дар чунин вохӯриҳо ва “пахши мустақим” суолҳои сахт дода намешуд.

Нишасти хабарии Нурсултон Назарбоев. 14 сентябри 2017
Нишасти хабарии Нурсултон Назарбоев. 14 сентябри 2017

Президенти феълии Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев баъд аз интихоботи моҳи июни соли 2019, аввалин бор бо хабарнигорон вохӯрд. Баъзе аз расонаҳо ин вохӯриро “нишасти калони хабарӣ” номиданд.

Дар ин нишаст 107 рӯзноманигор аз 66 расонаи хабарӣ ширкат карданд. Аз ҷумла намояндаи 22 расонаи хориҷӣ. Гузориш шуд, ки дар вохӯрӣ бо президент қариб 30 суол дода шудааст. Баъд аз нишасти хабарӣ, ки зиёдтар аз як соат давом кард, президент Тоқаев эълон кард, ки “чунин вохӯриҳо ба анъана табдил хоҳад шуд.” Аз он нишаст зиёда аз чор сол мегузарад, вале дафтари президенти Қазоқистон барои баргузории чунин нишастҳо дигар талош накард.

Қосимҷомарт Тоқаев дар нишасти хабарии қабл аз интихоботи соли 2019
Қосимҷомарт Тоқаев дар нишасти хабарии қабл аз интихоботи соли 2019

Қосимҷомарт Тоқаев 20-уми ноябри 2022 интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ баргузор кард. Он вақт ӯ ҳамчун номзад нишасти васеи хабарӣ гузаронд ва ваъда дод, ки “агар маро президент интихоб кунанд, дар охири сол ё дар аввали соли оянда ҳатман нишасти калони хабарӣ мегузаронам.” Аммо то поёни соли 2023 ин ваъда иҷро нашуд.

Ҷеенбеков ва Ҷабборов

Соли 2019 вақте роҳбари Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев аввалин интихобот ва нахустин нишасти хабариашро баргузор мекард, президенти ҳамонвақтаи Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков дуюмин ва охирин нишасти хабариро баргузор кард. Нишасти Ҷеенбеков дар моҳи декабри 2019 беш аз чор соат идома кард ва дар он 200 хабарнигор, аз ҷумла намояндагони 92 расонаи хориҷӣ ширкат карданд.

Нишасти хабарии Сооронбой Ҷеенбеков. 12 декабри соли 2019
Нишасти хабарии Сооронбой Ҷеенбеков. 12 декабри соли 2019

То соли 2022 роҳбарони Қирғизистон ҳамчун анъана нишасти ҷамъбастии хабарӣ мегузаронданд. Вале президенти шашуми Қирғизистон Содир Ҷабборов эълон кард, ки дигар нишастҳои васеи хабарӣ намегузаронад.

18-уми декабри соли гузашта Ҷабборов дар мусоҳиба бо расонаи маҳаллии “Кабар” гуфт, “оё нишасти матбуотӣ метавонад аз Қурултой васеътар бошад?” Ба гуфтаи роҳбари феълии Қирғизистон “баъзе рӯзноманигорон бештар талош мекунанд саволҳои ҳассос диҳанд.”

Вохӯрии Содир Ҷабборов бо рӯзноманигорон. 23 октябри 2021
Вохӯрии Содир Ҷабборов бо рӯзноманигорон. 23 октябри 2021

“Албатта, ман инро тасдиқ намекунам, ки ҳамаи онҳо чунинанд. Мо хабарнигорони зиёде дорем, ки корашонро хуб медонанд. Вале дар нишастҳои хабарӣ онҳо асосан суолҳое медиҳанд, ки ягон соҳаро фаро мегирад ва дар бораи ояндаи кишвар, рушди иқтисодии он ва мушкилоти минтақаӣ пурсишҳо садо намедиҳад. Бале, ман ҳам чун дигар роҳбарони қаблӣ нишастҳои хабарӣ баргузор мекардам. Мо соатҳо дар бораи маълумоти тасдиқношуда баҳс мекардем ва вақтро беҳуда мегузарондем,” - афзуд президент Ҷабборов.

Президент Қиғизистон бартарӣ медиҳад, ки ба ҷойи нишастҳои хабарӣ Қурултойи мардумӣ баргузор шавад. Вале шеваи баргузории Қурултой аз нишастҳои хабарӣ фарқ мекунад. Дар Қурултой, ки 15-уми декабри 2023 баргузор шуд, на ҳисоботи президент дар назди халқ, балки бештар хоҳишу шикояти намояндагони ҳайатҳо ба раиси ҷумҳур садо дод.

Мирзиёев, Раҳмон ва дигарон

Баъзе аз роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба истиснои брифингҳо пас аз мулоқоти расмӣ, ки дар он суолу ҷавоб намешавад, аз баргузории нишастҳои матбуотӣ ё мусоҳибаи ошкоро бо расонаҳо худдорӣ мекунанд. Аммо онҳо аксар вақт паём мефиристанд. Ин паёмҳо асосан аз додани дастуру супоришҳо иборат аст ва ҳозирон масъулони ҳукумат ва вакилон ҳастанд ва дар вақти хондани паёми роҳбари кишвар кафкӯбӣ мекунанд.

Барои мисол, президент Эмомалӣ Раҳмон 28-уми декабри соли 2023 ба порлумон ва мардум паём фиристод.

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев 20-уми декабри 2022 ба мардум муроҷиат кард. Соли 2017 роҳбари Узбекистон баъди ба қудрат расидан аввалин мусоҳибаро бо Оҷонси қазоқистонии “КазИнформ” гузаронд. Аввалин мусоҳибаи Мирзиёев бо расонаҳои маҳаллӣ дар нашрияи “Янги Узбекистон” нашр шуд.

Ҳамин тариқ, нишастҳои калони хабарӣ, ки инъикоскунандаи сатҳи муколама бо ҷомеа ба ҳисоб меравад, ба назар мерасад ба вазъи кишварҳои Осиёи Марказӣ созгор намеояд. Роҳбарони минтақа ҳарчи бештар талош мекунанд низомҳои худкомаи худро пурзӯр кунанд.

Дар замони муосир роҳбарони бисёре аз кишварҳои ҷаҳон талош мекунанд нишастҳои хабарӣ баргузор карда, бо рӯзноманигорон мулоқот кунанд.

Дар Амрико президенти 32-юм Франклин Рузвелт соли 1933 анъанаи баргузории нишастҳои хабариро ҷорӣ кард. То омадани Эммануел Макрон роҳбарони Фаронса ҳамасола 14-уми июл дар рӯзи гирифтани Бастилия нишастҳои хабарӣ баргузор мекарданд.

Ангела Меркел, собиқ садри аъзами Олмон ҳамасола қабл аз ба рухсатӣ рафтани порлумон, нишасти хабарӣ баргузор карда, ба суолҳои рӯзноманигорон посух медод.

Владимир Путин, президенти Русия соли 2022 ва дар соли оғози ҷанг алайҳи Украина нишасти хабарӣ баргузор накард. Рӯзи 14-уми декабри соли 2023 Путин 17-уми нишасти калони хабариашро гузаронд.

Президенти Украина Владимир Зеленский соли 2019 нишасти хабарие баргузор кард, ки зиёда аз 14 соат давом кард. Соли гузашта ӯ се маротиба дар чунин нишастҳои хабарӣ ширкат кард.

Владимир Зеленский дар нишасти хабарии 19 декабри 2023
Владимир Зеленский дар нишасти хабарии 19 декабри 2023

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG