Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил пешниҳод кард, ки дар Ғазза оташбас эълом шавад


Исроил ба гуруҳи тундрави фаластинии "Ҳамос" пешниҳод кардааст, ки задухӯрдҳои мусаллаҳона дар навори Ғазза бар ивази раҳоии 40 асир як ҳафта бас карда шаванд.

Расонаи "Axios " бо истинод ба манбаъҳои худ иттилоъ додааст, ки ин пешниҳодро Исроил тавассути миёнаравҳои қатарӣ расондааст.

Мақомоти Исроил бо ин созиш мехоҳанд, ҳудуди 40 гаравгон, аз ҷумла бонувон ва мардони аз 60-сола болову онҳоеро озод кунанд, ки ба кумаки фаврии тиббӣ ниёз доранд.

Исроил ҳамчунин гуфтааст, метавонад фаластиниҳоеро озод кунад, ки барои ҷиноятҳои сангин зиндонӣ шудаанд.

Ба гуфтаи манбаи расона, сарвазири Қатар дар ҷараёни гуфтугӯҳо мавқеи "Ҳамос"*-ро дар бораи созиш баён кардааст. Гурӯҳи тундрави "Ҳамос" гуфта, ки Исроил пеш аз оғози музокирот барои озодии гаравгонҳо бояд аввал ҳамлаҳои худро қатъ кунад.

*Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳоди Амрико гурӯҳи фаластинии "Ҳамос"-ро созмони террористӣ медонанд

XS
SM
MD
LG