Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳимояти Тоҷикистон аз қатъномае вобаста ба Ғазза; Исроил зид баромад


Навори Ғазза
Навори Ғазза

Тоҷикистон аз қатъномаи оташбаси фаврии башардӯстона дар минтақаи муҳосирашудаи Навори Ғазза пуштибонӣ кардааст. Онро Маҷмаи Умумии Созмони Милал рӯзи 12-уми декабр пазируфт. 

153 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистону Қирғизистон ва Русияву Чин ройи мувофиқ доданд. Ҷониби Тоҷикистон дар ин маврид шарҳе надод, вале дар таблои овоздиҳии Маҷмаи Умумии Созмони Милал номи ҷумҳурӣ бо хати сабз ишора шудааст.

Исроил, Амрико, Австрия, Чехия ва шаш давлати дигар мухолиф баромаданд. Сафири Исроил дар Созмони Милал қатъномаро “риёкорона” хонд, чун ба бовари ӯ, ба бақои гурӯҳи тундрави “Ҳамос” мадад хоҳад кард.

23 кишвар бо шумули Бритониё, Олмон, Украина, Гурҷистон, Ҳолланд ва Маҷористон аз овоздиҳӣ худдорӣ варзиданд.

Қатънома аз тарафи Миср пешниҳод шуда, оташбаси фаврии башардӯстона дар Навори Ғазза ва озодии зуд ва бе ягон шарти ҳамаи гаравгонҳоро талаб мекунад. Пешнависи қатъномае ба ин монанд чанд рӯз пеш дар Шӯрои Амнияти Созмони Милал бо ветои Амрико рӯбарӯ шуд.

Тоҷикистон дар охири моҳи октябри имсол низ аз қатъномаи оташбаси фаврӣ дар Ғазза пуштибонӣ карда буд. Дертар, 11-уми ноябри 2023, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасте дар Саудӣ гуфт, ки “кушта шудани ҳазорон аҳолии осоишта” ва “хароб гардидани инфрасохтори ҳаётан муҳим”-ро дар Ғазза сахт маҳкум мекунанд.

Даргирии охир байни Исроил ва гуруҳи “Ҳамос” баъд аз он сар шуд, ки ҷангҷӯён рӯзи 7-уми октябр ба ҷануби Исроил ҳуҷум карда, 1200 исроилиро куштанд ва 240 нафарро гаравгон гирифтанд. Амрико ва Иттиҳоди Аврупо гуруҳи "Ҳамос"-ро созмони террористӣ медонанд.

Дар бештар аз ду моҳи ҷанг шумораи кушташудаҳои ҷониби фаластинӣ аз 18 ҳазор нафар гузашт. Аксари онҳо занон ва кӯдакон мебошанд.

Навори Ғазза дар соҳили Баҳри Миёназамин то соли 1917 дар ихтиёри империяи усмонӣ буд. Дар як асри гузашта аз итоати Бритониё ба Миср гузашт ва сипас зери назорати артиши Исроил даромад.

Ҳоло бурунбум ё анклави деворпече аст, ки то оғози ҷанги охир дар он зиёда аз ду миллион фаластинӣ зиндагӣ мекарданд, вале қисми зиёде аз онҳо овора ва бехонаву дар шудаанд.

Ташкили давлат, шаҳракҳои исроилӣ, мақоми Байтулмуқаддас ва қазияи паноҳҷӯён аз масъалаҳои асосии баҳси миёни Исроил ва Фаластин аст.

XS
SM
MD
LG