Тошиев рӯзи 15-уми сентябр гуфт, санадҳои нав ёфтаанд ва агар Тоҷикистон даъвои қаламравро бас накунад, онҳоро истифода мебарад. Аммо сухангӯи шаҳрдори Исфара навиштааст, "вақте берун аз кори комиссия мегӯед, мо ҳуҷҷати махсус дорем, ин маънои онро дорад, ки ягон ҳуҷҷат надоред."
Зубайдулло Шомадов, сухангӯи раиси шаҳри Исфара 17-уми сентябр дар саҳифаи фейсбукиаш навишт, пешниҳоди ҳуҷҷат дар бораи муайян сохтани хатти сарҳад "бояд дар доираи кори комиссияҳои паритетии дахлдор гузарад."
"Қамчибек Ташиев бо изҳороти навбатии худ бори дигар нишон дод, ки ӯ оид ба таъмини сулҳу субот дар минтақаҳои марзӣ бемасъулиятӣ зоҳир мекунад,"-навиштааст Шомадов.
Рӯзи 16-уми сентябр Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳам сафири Қирғизистонро даъват ва ба ҳарфҳои Қамчибек Тошиев эътироз кард. ВКХ-и Тоҷикистон дар хабарномае гуфтааст, "ин гуна тавзеҳот метавонад" ба раванди муайян кардани марз бо Қирғизистон ва "эътимоди тарафайн зарари ҷиддӣ расонад." Мақомоти Қирғизистон ба ин хабар вокуниш накардаанд.
Изҳороти раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дар остонаи яксолагии муноқишаи хунин дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон садо дод. Дар ин даргирӣ аз ду тараф беш аз сад нафар қурбон шуд.