Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, соли гузашта дар вилояти Суғд ҷиноятҳои сангин ба мисли ифротгароӣ ва дорои унсурҳои терроризм 17.5 дар сад афзудааст.
Ин оморро дар як нишасте бо ҳузури Юсуф Раҳмон дар шаҳри Конибодом эълон кардаанд. Дар баёнияи додситонӣ, ки дар вебсайти расмии он нашр шудааст, омадааст, ки “бештари чунин ҳодисаҳои номатлуб, аз ҷумла шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дар шаҳрҳои Конибодому Исфара нисбат ба дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат зиёд ба қайд гирифта шудааст. Бахусус шаҳри Исфара дар ин масъала яке аз минтақаҳои нигаронкунанда боқӣ мемонад.”
Дар баёния ҳамчунин омадааст, ки 6 сокини Исфара ва 2 сокини Конибодом ба таҳсили ғайриқонунии динӣ ба хориҷ аз Тоҷикистон рафтаанд.
Мақомоти Тоҷикистонро солҳои ахир барои маҳдуд кардани озодиҳои динӣ аз ҷумла, саркӯби руҳониёни дигарандеш ва роҳ надодани ҷавонони то 18-сола ба масҷид танқид мекунанд. Ҳукумат мегӯяд, талошҳояш барои монеъ шудан ба ифротгароӣ, як хатари ҷиддӣ ба амнияти миллӣ дар кишвар аст.
Додситони кулли Тоҷикистон дар ин ҷаласа, ки охири моҳи март сурат гирифтааст, гуфтааст, ки соли гузашта ба зидди 6 сокини шаҳри Конибодом ва 7 сокини Исфара барои саркашӣ аз хидмат дар артиш парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд.
Гуфтугӯ