Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров интиқоли аслиҳа ба Толибонро рад кард


Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров изҳороти низомиёни Амрикоро, ки гуфтанд, Москва ба Толибон силоҳ медиҳад, беасос ва ғайриҳирфаӣ номид. Ба иттилои РИА Новости, Лавров гуфт, ягон далеле вуҷуд надорад, ки суханҳои фармондеҳи нерӯҳои ИМА дар Афғонистон генерал Ҷон Николсонро тасдиқ кунад.

Ҷон Николсон рӯзи душанбе дар як нишасти хабарии шаҳри Кобул дар посух ба суоли он ки оё Русия воқеан ҳам толибонро бо силоҳ таъмин мекунад, гуфт: "фармондеҳии Амрико ҳанӯз ҳам дар бораи чунин кумакҳо иттилоъ дарёфт мекунад". Ба иттилои нашрияи The Washington Post, Москва кумаки таслиҳотиро ба Толибон бо баҳонаи он ки аслиҳаи мазкур дар ҷангҳои зидди "Давлати исломӣ" истифода мешаванд, афзоиш додааст.

XS
SM
MD
LG