Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муаллифи “Ҷаноби Путин: Афсаре дар Кремлин” мақом мегирад


Нашрияи The Washington Post мегӯяд, ки таҳлилгари масоили Русия ва Владимир Путин – Фиона Ҳилл ба вазифаи баланди раиси умури Аврупо ва Русия дар Шӯрои амнияти миллии Кохи Сафед таъйин мешавад. Ин гузориш рӯзи 28 март бо такя ба манбаи ношиносе нашр шуд ва ҳанӯз вокуниши Кохи Сафед ба ин масъала дар даст нест. Гузоришҳои матбуотӣ дар оғози моҳи март ҳам ба он ишора мекард, ки президент Доналд Трамп ният дорад Ҳиллро ба мақоме таъйин кунад, вале ин хабар он замон таъйид нашуда буд.

Ҳилл дар як пажӯҳишгоҳи сиёсиии Брукингз, ки бо сатмгириҳои бештар либералиаш маъруф аст, кор мекунад. Дар фурсати солҳои 2006 то 2009 дар Шӯрои истихбороти миллӣ ба ҳайси як афсари иттилоотӣ дар умури Русия ва Авруосиё кор кардааст. Ҳилл ҳаммуаллифи китоби “Ҷаноби Путин: Афсаре дар Кремлин” аст, ки соли 2013 нашр ва ду сол баъдаш навсозӣ шудааст.

Вай дар ин китоб мегӯяд, ки Путин аз роҳи “шантаж, таҳдид, ҷазо ва таҳрифи ҳақиқат” аз мавқеи Русия ҳимоят мекунад. Ин дар ҳолест, ки Доналд Трамп дар ҷараёни маъракаи интихоботиаш бо лаҳни нарм ва ё тарафдорӣ аз Путин сӯҳбат мекард ва гуфта буд, ки умедвор аст, робитаҳои ИМА ва Русия баъди сари қудрат омадани ӯ беҳтар мешавад. Вале аъзои баландпояи маъмурияти ӯ баъди шурӯи кораш дар Кохи Сафед аз лаҳни сахттар кор гирифтанд ва нишонаҳои наздикшавӣ камтар ба назар мерасад.

XS
SM
MD
LG