Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Комроншоҳ: Гурӯҳи корӣ гуфт, ки доварону мухлисон хато накардаанд


Комроншоҳи Устопириён
Комроншоҳи Устопириён

Гурӯҳи кории Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон таҳқиқи рафтори Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони маъруфи тоҷикро дар мусобиқаи гуштии рӯзи 23 март дар "Наврӯзгоҳи пойтахт" ба анҷом расондааст.

Комроншоҳи Устопириён рӯзи 29 март дар як баёнияи расмӣ дар саҳифааш дар Фейсбук гуфт, дар ин муҳокима ҳамроҳи мураббиаш Усто Устопириён ҳузур доштанд. "Аз ҷараёни кори гурӯҳ, таҳлилу баррасии мутахассисон ва навори видеоӣ пурра муайян гардид, ки доварон ва мухлисон ба хатоӣ роҳ надодаанд. Танҳо ман ба эҳсосот дода шуда, амали ношоями ба шаъни варзишгарро иҷро намудам, ки хеле пушаймон ҳастам", - таъкид кардааст ӯ.

Вай бори дигар барои чунин рафтор аз мухлисон ва ҳайати доварон узр пурсидааст: "Ба қароре, ки аз ҷониби гурӯҳи корӣ қабул гардидааст, розӣ ҳастам ва ягон эътироз надорам".

Қаблан, Комроншоҳи Устопириён барои дашном додан дар мусобиқаи рӯзи 23 март дар "Наврӯзгоҳи пойтахт", ки ба дурбини телевизиони “Варзиш” ҳам афтодааст, расман узр пурсида ва гуфт, он вақт аз ноадолатии довар ба хашм омада буд. Комроншоҳ рӯзи 25 март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "ду-се нафар аз мухлисон дар вақти рафтан ба маросими медалгирӣ маро дашном доданд ва ман ҳам дар ҳоли ғазаб ҷавобашонро гардондам."​

Мусобиқаи гуштии "Ҷоми Пойтахт – 2017" рӯзи 23 март дар “Наврӯзгоҳ”-и Душанбе баргузор шуд ва дар рақобати ниҳоӣ дар вазни аз 80 кило боло Комроншоҳи Устопириён бо Саидҷалол Саидов вориди қувваозмоӣ гардид. Довар барои як огоҳие, ки Комроншоҳ дар аввали бозӣ гирифта буд, Саидҷалол Саидовро баранда эълон кард. Дар наворҳои нашршуда дида мешавад, ки баъдан Комроншоҳи Устопириён дар ҳоли рафтан ба минбар бо ишораи даст дашном медиҳад.

XS
SM
MD
LG