Пайвандҳои дастрасӣ

Азим Иброҳим: “Облава” накунед


Азим Иброҳим, муовини нахуствазири Тоҷикистон

Азим Иброҳим, муовини нахуствазири Тоҷикистон

Азим Иброҳим – муовини нахуствазири Тоҷикистон – аз комиссариатҳои ҳарбии кишвар тақозо кардааст, ки дар мавсими баҳории даъват ба артиш ба иҳотагарӣ – "облава" ё даъвати иҷборӣ – роҳ надиҳанд. Вай дар як ҷаласаи рӯзи 16 март дар Вазорати дифои Тоҷикистон гуфтааст, баъд аз анҷоми даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиш бо айби иҳотагирӣ 51 комиссари ҳарбии шаҳру навоҳии кишвар иваз шуданд.

Бемории рӯда ва хомӯшӣ - Ҷавонони маризро кӣ ба артиш фиристод?

Дар Тоҷикистон масъалаи даъват ба артиш, масъалаи ба истилоҳ ҷанҷолӣ аст, чун теъдоде аз ҷавонон аз хидмат дар сафи артиш худдорӣ мекунанд. Бадрафторӣ дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ ва озори сарбозон яке аз омилҳои парҳези ҷавонон аз хидмат дониста мешавад.

Азим Иброҳим гуфтааст, "ба ҳамаи комиссариатҳои ҳарбии навтаъин супориши қатъӣ дода шуд, ки ба чунин усули ғайри қобили қабули даъвати ҷавонон ба сафи нерӯҳои мусаллаҳ хотима бахшанд."

Муовини нахуствазири Тоҷикистон мегӯяд, соли гузашта даъвати тирамоҳӣ 13 рӯз пештар аз мӯҳлати таъиншуда ба анҷом расид, "вале баъзан падидаҳои номатлуби бо тарзи иҳотагирӣ даъват кардани ҷавонон барои адои қарзи фарзандии хизмат ба Ватан ба чашм расид, ки ин ба талаботи муосир ҷавобгӯ намебошад." Ҳамзамон, ба гуфтаи Азим Иброҳим, ҳолатҳои ҷалби ҷавонони бемор бо хулосаи нодурусти тиббии Вазорати тандурустӣ мушоҳида шудааст.

Вай гуфт, ҳоло ба сарпрокурори ҳарбӣ дастур шудааст, ки назоратро дар ин самт ҷиддӣ ба роҳ монад.

Мӯҳлати хидмат дар артиши Тоҷикистон кай 1,5-сола мешавад?

Охири соли гузашта ҳукумати Тоҷикистон расман аз мақомоти тандурустӣ интиқод карда буд, ки дар ҷараёни ҷалби ҷавонон ба артиш ба чанд ҷавони мариз иҷозаи хидматро додаанд. Дар миёни маризиҳои ошкоршуда илтиҳоби шуш, илтиҳоби кӯррӯда, захми меъдаву хунравӣ ва ҳам хомӯшӣ ё тағйири вазъи рӯҳӣ номбар шуд.

“Шпаргалка” барои қурбониёни “облава”

Чанд соли охир аз латту кӯб, маъюб ва ҳалок шудани сарбозон дар ҷараёни хидмати ҳарбӣ дар матбуот хабарҳо нашр мешавад. Додгоҳҳои Тоҷикистон чанде аз ин қазияҳоро баррасӣ ва муттаҳамон дар латту кӯбу ба марг расондани сарбозонро маҳкум кардааст.

Дар вокуниш ба ин изҳорот, ки он вақт низ аз забони Азим Иброҳим – муовини нахуствазири Тоҷикистон – садо дода буд, мақомоти тандурустӣ аз кори мутахассисонашон ҳимоят карда гуфтанд, фаъолияти комиссияҳои тиббии даъвати артиш нисбат ба солҳои гузашта ба маротиб беҳтар буд. Насим Олимов, он вақт муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, гуфта буд, ҳарчанд эродҳои Азим Иброҳим то ҷое асос доранд, вале 7 ҳодисаи ошкоршуда наметавонад баёнгари вазъи куллӣ бошад.

Ҳамасола дар Тоҷикистон дар ду мавсим, даъвати баҳорӣ дар моҳҳои апрел-май ва даъвати тирамоҳӣ дар моҳҳои октябр-ноябр, ҷавонон ба артиш ҷалб карда мешаванд. Рӯзи 14 марти имсол фармони расмии раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар бораи шурӯи даъвати баҳории ҷавонон ба хидмат содир шуд.

Облаваи писар модарро бемор кард. ВИДЕО

Дар фармон таъкид шудааст, сарбозоне, ки мӯҳлати муқарраршудаи хидмати ҳарбиро то моҳи апрел ё майи имсол ба поён мерасонанд, рухсат шуда, ба ҷойи онҳо ҷавонони аз 18 то 27-сола ҷалб карда шаванд. Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, амр додааст, ки “раисони шаҳру ноҳияҳо якҷоя бо комиссариатҳои ҳарбӣ “даъвати мутташаккилонаи шаҳрвандонро ба хидмати ҳарбӣ” ба роҳ монанд.

Дар Тоҷикистон масъалаи даъват ба артиш, масъалаи ба истилоҳ ҷанҷолӣ аст, чун теъдоде аз ҷавонон аз хидмат дар сафи артиш худдорӣ мекунанд. Бадрафторӣ дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ ва озори сарбозон яке аз омилҳои парҳези ҷавонон аз хидмат дар сафи артиши Тоҷикистон дониста мешавад. Ҳар сол ҳодисаҳои марги сарбозон дар артиш ва ба ҷавобгарӣ кашидани афсарон барои бадрафторӣ сабт мешавад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG