Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди коҳиши буҷаи ИМА интиқоди зиёд шунид


Пешниҳоди коҳиши буҷаи департаменти давлатӣ ва мизони кӯмакҳои хориҷии ИМА, ки аз ҷониби президент Доналд Трамп садо додааст, рӯзи 16 март мавриди интиқод дар дохил ва хориҷи ин кишвар шуд. Антонио Гутерреш, дабири кулли СММ ҳушдор дод, ки қатъи маблағгузориҳо метавонад талошҳои тӯлонимуддат барои анҷоми ислоҳотро дар барномаҳое, ки ин сохторҳо ба онҳо кӯмак мекарданд, ба ҳам занад. Яке аз ин пешниҳодҳо – коҳиши маблағгузории нирӯҳои посдори сулҳ аст, ки пешниҳод мешавад буҷаашон аз 25 то 28 дар сад ва ё дар ҳаҷми 7,9 миллиард доллар коҳиш дода шавад.

Франсуа Делатр, сафири Фаронса дар СММ гуфт, ки “ҷаҳон имрӯз беш аз пеш ба СММ ва ҳам ИМА-и қавӣ ниёз дорад, ки ба тааҳҳудоташ дар баробари ҷаҳон пойбанд бошад”. Вай гуфт, ки “ақибнишинии Амрико ва ҳам тасмимгириҳои якҷонибааш метавонад ҷаҳонро бо хатари бесуботии бештар рӯбарӯ кунад”. Вале фиристодаи ИМА дар СММ Никкӣ Ҳейлӣ гуфт, ки “СММ харҷи аз ҳад зиёд дорад ва ин хароҷот бештар за ҳама бар зарари ИМА анҷом мешавад”. Дар баробари маблағгузории бахши аъзами кори нирӯҳои посдори сулҳ, ИМА инчунин чоряки хароҷоти дигари буҷаи СММ, аз ҷумла Созмони ҷаҳонии беҳдошт ва Оҷонсии нирӯи атомиро пӯшиш медиҳад.

XS
SM
MD
LG