Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти се ҷавон дар Қӯрғонтеппа аз рӯи ҳодисаи кордзанӣ


Пулиси шаҳри Қӯрғонтеппа се ҷавони маҳаллиро бо иттиҳоми "занозанӣ бо истифода аз корд" боздошт кардааст.

Мақомот гуфтанд, ки соати 17:30-и рӯзи 14 март дар маҳаллаи "Кайҳоннавардон", воқеъ канори рӯди Ҷайҳун, дар Қӯрғонтеппа миёни як гурӯҳ ҷавонон задухӯрд сурат гирифта, захмиён низ ҳастанд. "Шумораи ин ҷавонон аз ду ҷониб эҳтимол то 20 нафар мерасид ва онҳо ҳангоми занозанӣ аз корд низ истифода кардаанд. Ҳоло се тан боздошт шудааст ва чанд нафари дигар ҷустуҷӯ мешавад. Бар асоси шоҳидии боздоштшудаҳо чанд нафар низ захмӣ шудаааст, вале то ҳол онҳо пайдо нашудаанд", - гуфт ин мақоми пулис.

Ҳодисаи задухӯрди миёни ноболиғонро як мақоми пулис дар Қӯрғонтеппа "ҳодисаи кордзанӣ" номид. Задухӯрди ин ҷавонон дар Қурғонтеппа дар ҳоле рух додааст, ки моҳи январи соли ҷорӣ дар пайи ҳодисаи шабеҳе дар Душанбе се ҷавон ҳалок шуданд.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон низ дар моҳи феврал дар вохӯрӣ бо фаъолони шаҳри Душанбе аз афзоиши занозании ҷавонону ноболиғон нигаронӣ карда, ба мақомот барои ҷилавгирӣ аз чунин ҳодисаҳо дастур дода буд. Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, соли гузашта бо иштироки ҷавонон ва ноболиғон беш аз 5 ҳазор ҷиноят содир шудааст.

XS
SM
MD
LG