Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Песков: Русия аз ҳукумати Трамп ноумед шудааст


Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл мегӯяд, Москва аз ҳукумати президенти ИМА Доналд Трамп ва мавҷуд набудани пешравӣ дар беҳшавии муносибот навмед шудааст.

Песков дар мусоҳиба бо телевизиони CNN гуфт, Трамп дар барномаи таблиғотии интихоботиаш аз беҳшавии муносибатҳо бо Русия ҷонибдорӣ мекард. "Мутаассифона, мо хабар надорем, ки гуфтугӯҳо кай шуруъ мешаванд", - афзуд сухангӯи Кремл.

Ин дар ҳолест, ки дар ИМА гузориши мақомоти қудратӣ дар бораи дахолати эҳтимолии Русия дар маъракаҳои интихоботии ИМА фаъолона баррасӣ мешавад. Идораи тафтишотии федеролӣ ё ФБР фаъолияти ёвари Трампро тафтиш мекунад. Мушовири президент дар умури амнияти миллии ИМА баъди он ки эътироф кард, муносибатҳояшро бо сафири Русия дар ИМА аз Кохи сафед пинҳон кардааст, ба истеъфо рафт.

Дахолати эҳтимолии Русияро ҳамчунин панҷ кумитаи конгресси ИМА таҳқиқ мекунад. Песков ин моҷароро "ғавғо" номид. "Мо бар ин назарем, ки ин моҷаро дар оянда ба муносибатҳои дуҷониба зиёни ҷиддӣ мерасонад ва хоҳони онем, ки ғавғои барпошуда ҳар чи зудтар ба интиҳои мантиқӣ бирасад", - гуфт Песков.

XS
SM
MD
LG