Пайвандҳои дастрасӣ

Шумораи қурбониёни фоҷиа дар Ваҳдат ба 8 нафар расид


Яке аз оромгоҳҳои ноҳияи Ваҳдат. Акс аз бойгонӣ

Яке аз оромгоҳҳои ноҳияи Ваҳдат. Акс аз бойгонӣ

Теъдоди қурбониёни садамаи нақлиётӣ дар ноҳияи Ваҳдат дар наздикии шаҳри Душанбе ба 8 нафар расидааст. Хешовандони яке аз қурбониён рӯзи 12-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, ки яке аз афроди маҷрӯҳ, бомдоди ҳамин рӯз дар бемористон даргузашт, чун ҷароҳатҳои вазнин доштааст ва табибон натавонистаанд, ӯро наҷот бидиҳанд.

Қандил, яке аз хешовандони ду бародаре, ки дар садамаи мошин ҷон додаанд, ба Радиои Озодӣ гуфт, Одилҷон Раҳимов, ки ҳаштумин қурбонии фалокат шуд, 46-сол дошт. Бародари бузурги ӯ Самӣ Раҳимов низ дар ин садама ҳалок шудааст. Аммо сухангӯи вазорати умури дохилии Тоҷикистон, Умарҷони Эмомалӣ рӯзи 12-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бар асоси иттиллое, ки онҳо дастрас кардаанд, "теъдоди қурбониён шаш нафар аст."

Вай афзуд, кормандони вазорати умури дохилӣ, ҳодисаро сабт карданд ва ба таҳқиқи сабабҳои фалокат пардохтаанд.

Фоҷиа дар ноҳияи Ваҳдат дар тақрибан 20 километрии шаҳри Душанбе рӯзи 11-уми март ба вуқӯъ пайвастааст. Шоҳидони ҳодиса ба Радиои Озодӣ нақл карданд, ки баъди дафни як пирамарди 78-сола аз кӯчаи Умари Хаёми ноҳияи Ваҳдат, мошини боркаши “Зил” тахминан 20 то 25 нафарро аз оромгоҳи “Роҳатӣ” дар дараи Ромит ба хона бармегардонад, аммо дар роҳ тормозаш аз кор мемонад ва мошин бо суръати баланд ба дарахт бармехӯрад.

Дар рӯзи аввали ҳодиса шоҳидон ва мақомот ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар натиҷаи фоҷиа 6 нафар ҳалок шудаанд. Дар шӯъбаи умури дохилии шаҳри Ваҳдат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳодиса соатҳои тақрибан чаҳор ба вақти маҳаллӣ ба вуқӯъ пайвастааст ва “мақомот сабабҳои фалокатро таҳқиқ мекунанд. “

Дар натиҷаи ҳодиса 13 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Як корбари вебсайти Радиои Озодӣ бо номи Илҳом, ки рӯзи 12-уми март дар маросими дафни Мақсадҷон Қулдашов, сокини 32-солаи шаҳри Душанбе ҳузур дошт, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҷавони тоҷикро имрӯз дафн мекунанд. Аз ӯ ду фарзанд боқӣ мондааст. Як ҷавони дигаре, ки дар ҳодиса ҳалок шудааст, Матлаб Алохонов, сокини Душанбе буд.

Шоҳидон мегӯянд, ронандаи мошини боркаш худро аз мошин берун андохтааст ва зинда мондааст. Бисёре аз маҷрӯҳонро ба шифохонаи шаҳри Ваҳдат ва бемористонҳои Душанбе интиқол додаанд. Ду нафар аз маҷрӯҳон дар “Медгородок”-и Душанбе бистарӣ шудаанд.

Аз якеи онҳо Фарҳодҷон ном бурда шуд, ки ба қавли наздиконаш захм бардошта ва табибон бояд ҷарроҳияш кунанд. Падари ӯ дар як сӯҳбати кӯтоҳ гуфт, ҳодиса ногаҳонӣ буд ва барои ҳамин бисёре аз ҷанозахонҳо сахт осеб дидаанд. Вай гуфт, “мо намози ҷанозаро хонда бармегаштем. Дар болои ЗИЛ 15-20 нафар буданд. Ҳамин хел ҳодиса шуд ва писари ман ҳам ҷароҳат бардошт. Ҳоло дар бемористон ҳастем. Вазъияти дигарҳоро намедонам”, - афзуд ӯ.

Модарарӯси Фарҳод имрӯз ба Радиои Озодӣ гуфт, як дасти домодаш дар натиҷаи садама аз баданаш ҷудо шудааст ва табибони тоҷик тавонистаанд, онро дӯхта ва барқарор кунанд. Ба гуфтаи вай, "рӯзи 12-уми март дар дасти домодаш гардиши хун ва ҳам задани набз мушоҳида мешуд. Чанд нафари дигар дар шифохона муолиҷа мегиранд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG